Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон


Департаменти Давлатии Амрико гузориши солонаи худ доир ба ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳонро нашр ва аз вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон танқид кардааст. Дар ин гузориш омадааст, агарчӣ соли 2004 ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи риояи ҳуқуқи инсон пешравиҳои каме доштааст, аммо масоили ҷиддӣ ҳанӯз ҳам зиёданд.
Дар гузориш омадааст, ҳуқуқи шаҳрвандон дар тағйири ҳукумати худ маҳдуд боқӣ мемонад, маъмурони амниятӣ боздоштшудаҳоро азобу шиканҷа медиҳанд ва масъули таҳдиду ғорат ва бадрафториҳо бо шаҳрвандон низ мебошанд. Шароити зиндонҳо бисёр бад ва барои зиндагӣ хатарнок мебошад. Ҳукумат ба навиштаи таҳиягарони гузориш, ҳамчунон озодии баён ва матбуотро маҳдуд намуда, дархости сабти номи аҳзоби мухолифи сиёсиро рад кардааст. Созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ бо мушкилоти сабти ном низ рӯ ба рӯ шудаанд. Хушунат алайҳи занон ва қочоқи инсон ҳамчунон мушкили ҷиддӣ боқӣ дар Тоҷикистон мондааст.
XS
SM
MD
LG