Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти ворида ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз барфрезиҳои сангин


Абдураҳим Раҷабов - вазири умури ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт, хисороти ворида ба иқтисоди кишвар аз барфрезиҳои сангин ва фуромадани тармаҳо дар навоҳии мухталиф 8 миллион сомонӣ, тақрибан 3 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар натиҷаи барфрезиву тармафароӣ ва сангрезиҳои рӯзҳои ахир дар навоҳии мухталифи кӯҳистони Тоҷикистон 500 манзил зери барф монда, 12 нафар бо шумули 2 кӯдак ҷони худро аз даст доданд.
Абдураҳим Раҷабов ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун кормандони ин вазорат тақрибан 3 ҳазор нафарро, ки манзилҳояшон дар минтақаҳои осебпазир воқеъ аст ба ҷойҳои бехаф кӯчонидаанд.
Абдураҳим Раҷабов ҳамчунин афзуд, ба зудӣ 14 мошини ҳомили хурокворӣ, либос ва хайма озими навоҳии Ховалинг, Балҷувон, Шӯрободи вилояти Хатлон ва навоҳии Рашт ва Тавилдара мешаванд. Ин навоҳии кӯҳӣ бештар аз ҳама дар натиҷаи барфрезиҳои сангини ахир осеб дидаанд. Аммо дар ҳамин ҳол Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои наздик ва нимаи аввали моҳи март боришоти шадиди барф ва тармафароӣ дар манотиқи шарқ ва вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар назар аст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG