Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаҳои таблиғотии номзадҳои ҳавзаи интихоботии Рашт


Сайдулло Хайруллоев раиси Маҷлиси Намояндагон ё палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ тайи чанд рӯзи ахир дар водии Рашт бо интихобкунандагон дидору мулоқотҳо анҷом медиҳад. Раиси парлумонии кунунии Тоҷикистон ба ҳайси номзад дар парлумони оянда аз ҷониби ҳизби ҳоким Ҳизби Халқӣ-Демократӣ аз ҳавзаи интихоботии Рашт-12 пешбарӣ шудааст. Зимни дидорҳо Сайдулло Хайруллоев аз мақомоти расмии ин навоҳӣ хоҳиш кард, то дар шаффофу демократӣ гузаштани интихобот мусоидат намоянд. Ҳамзамон номзади дигар аз ин ҳавза Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев, номзади Ҳизби Наҳзати Исломӣ маъракаи таблиғотии худро дар ноҳияи Рашт оғоз кардааст. Ҳангоми вохӯриҳо бо раъйдиҳандагон оқои Мирзоҳодиев бештар ба масоили фарҳангӣ, ахлоқӣ, беҳдошти рӯзгори мардуми кӯҳистон тавваҷӯҳ кардааст. Аммо дар ҳамин ҳол рақиби дигари ин ду номзад Маҳмадшо Давлатов, ки ба тариқи худпешбарӣ вориди маъракаи интихоботӣ шудааст, ба маъракаи таблиғотии худ ҳанӯз ҳам шурӯъ накардааст ва дар қитъаҳои интихоботӣ акс, тарҷумаи ҳол, барномаи интихоботии ӯ низ дида намешавад.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG