Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар майдони минакоришудаи марзӣ


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи шанбе иттилоъ дод, ки бар асари таркиши мина дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ду сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба қавли ҳамин манбаъ, гурӯҳ ҳангоми нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ тасодуфан ба майдони мина ҳаракат кардааст.
Дар пайи шӯришҳои гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ дар охири солҳои навадум Узбакистон марзҳояш бо Тоҷикистону Қирғизистонро минакорӣ намуда, гуфт ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди ифротгароҳо ба ин кишвар амалӣ шуд.
Аз он замон то кунун дар майдонҳои минакоришудаи марзӣ ҳудуди 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла занону кӯдакон кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. То кунун марзи Тоҷикистону Узбакистон пурра аломатгузорӣ нашудааст ва майдонҳои минагузоришуда нишонӣ надоранд.
Искандари Хоҷа Мирзода, Прага
XS
SM
MD
LG