Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Ҳизби таҳрир дар робита ба таркиш дар Душанбе


Гурӯҳи тундгарои исломии Ҳизб-ут-Таҳрир тайи баёнияе рӯзи панҷшанбе гуфт, дар таркиши мошин дар пойтахти Тоҷикистон, ки як кушта ва чаҳор захмӣ бар ҷой гузошт, даст надорад. Аммо мақомоти Тоҷикистон то ин замон дар ин замина муқассир эълон накардаанд ва ҳатто гузоришҳоеро, ки дар онҳо гуфта шудааст, давлат ин иқдомро террористӣ медонад ва ё гурӯҳи мушахассеро муқассир мекунад, рад кардаанд. Рӯзи 31-уми январ дар назди вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мошини тамғаи Волга мунфаҷир шуд, ки дар натиҷа ба гуфтаи мақомот 1 нафар кушта ва чаҳор тан захм бардоштанд. Рӯзи панҷшанбе Маҳмадулло Ҳалимов - муовини вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз кормандони ин вазоратро комиссияи махсус дар робита ба ин ҳодиса бозпурсӣ кардаанд.
Хиромон Бақозода, Прага
XS
SM
MD
LG