Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон


Бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ дар соли ду ҳазору чорум дар ин кишвар чаҳор дар сад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Худойназар Асозода, сухангӯи дафтари матбуоти вазорати умури дохила, соли 2004 нисбат ба як соли қаблӣ боз намудани ҷиноёти вазнин ва куштор 25,9 дарсад ва ҷинояти гурӯҳҳои муташаккил 18,3 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар соли гузашта ба гуфтаи оқои Асозода, кормандони вазорат умури дохилаи Тоҷикистон ҳудуди 3 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла ду тонна ҳероин кашфу мусодира намуда ва дар ин замина 874 нафарро бо иллати даст доштан дар қочоқи ин мавод боздошт кардаанд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG