Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даст кашидани номзади Ҳизби демократ аз ширкат дар интихобот


Сайраҳмон Нарзиев, раиси созмони ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, номзад аз феҳрасти ҳизби мазкур ба Маҷлиси Намояндагони кишвар дар ин вилоят аз ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон даст кашид. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, бо иллати камбуди маблағ барои пардохти гаравпулӣ ва маъракаи таблиғотӣ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон мубориза нахоҳад бурд: "Дар маҷмӯъ аз вилояти Хатлон танҳо ман дар ин рӯйхат шомил шуда будам ва мутаассифона шароити молиявиам даст надод, ки ҳуҷҷатҳоямро таҳия намуда пешниҳод намоям."
Оқои Назриев тасмим гирифтааст, номзадии худро барои ширкат дар интихоботи маҷлиси вакилони вилоят пешниҳод намояд ва ба таҳияи аснодаш омодагӣ дорад. Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҳизби демократии Тоҷикистон гуфт, бештарини номзадҳои дар феҳрасти ҳизбӣ шомилгашта бо иллати пайдо накардани маблағи гаравпулӣ натавонистанд, асноди заруриро барои ширкат дар интихоботи парлумонии кишвар омода созанд. Аммо ба гуфтаи Сайраҳмон Назриев, аз демократҳо дар минтақаи Қӯрғонтеппаи Хатлон 3 нафар ба маҷлиси вакилони вилоят ва ҳудуди 10 нафар ба маҷлисҳои ноҳиявӣ барои даст ёфтан ба унвони вакилӣ мубориза хоҳанд кард.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG