Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди мусаллаҳонаи ду ҷавони ошиқ


Ду сокини ҷавони шаҳри Хоруғ, ки ба як духтар ошиқ будаанд, барои ба висоли маъшуқа расидан даст ба гиребон шуданд ва яке бо милтиқи шикорӣ ба сӯи дигарӣ тир холӣ кард. Ба гуфтаи сухангӯи идораи умури дохилаи Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ Фаромурз Фаромурзов яке аз ошиқон дар беморхонаву дигаре дар боздоштгоҳ ба суоли муфаттишон посух мегардонад. Ба гуфтаи Фаромурз Фаромурзов гумонбар Саидҷон Раҳматов ба шӯъбаи корҳои дохилӣ омада, қазияи ба вуқӯъпайвастаро ба кормандони милиса нақл кардааст. Назар ба гуфтаи табибон, вазъи сиҳатии ошиқи маҷрӯҳ корманди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Ҳофиз Худоназаров мӯътадил аст ва шояд рӯзҳои оянда аз бемористон ба хона баргардад. Аммо замони бозгашти ошиқи мусаллаҳ ва хашмгинро ҳукми додгоҳ муайян хоҳад кард.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG