Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидамир Зуҳуров аз мансабаш барканор шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов имрӯз, 10 январ бо судури як фармон муовини нахуствазири ин кишвар Сайидамир Зуҳуровро, ки сохторҳои қудративу амниятиро таҳти назорат дошт, аз вазифааш барканор намуда, ӯро раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон таъйин кардааст. Генерал Саидамир Зуҳуров дар cолҳои 1996-1997 дар мақоми вазири умури дохила ва аз соли 1997 то соли 1999 дар мақоми вазири амният ифои вазифа намудааст. Аз соли 1999 то кунун муовини нахуствазири кишвар буд. Абдураҳмон Азимов - раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи раёсати ҷумҳури ин кишвар таъйин шудааст.
Тибқи фармонҳои дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, муовини вазири умури дохила Давлатназар Булбулшоев ва муовини вазири кишоварзӣ Сироҷ Муродов бинобар таъйин шудан дар мансаби дигар аз вазифаҳояшон барканор шудаанд. Таъйиноти ахир ва ҳамчунин таҳаввулоти нави кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дар пайи суханронии интиқоди Эмомалӣ Раҳмонов дар нишаст бо намояндагони вазоратҳои қудратӣ сурат мегирад. Зимни ин суханронӣ Эмомалӣ Раҳмонов фаъолияти масъулини ниҳодҳои интизомии кишварро ғайриқаноатбахш хонда, онҳоро дар тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ муттаҳам намуда буд.
Холиқи Сангин, Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG