Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи муҳокимаи ду афсар


Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе мурофиаи як гурӯҳи афсарони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро шурӯъ кард, ки дар авоили моҳи декабри соли гузашта ҳангоми фурӯши беш аз 11 кило ҳероин аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд.
Зиёдулло Собиров, раиси мурофиаи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиш муайян намудааст, ки ин гурӯҳи панҷнафараи иборат аз 2 афсари Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон ва 3 нафар ғайринизомиён қаблан бо ҳам робита доштаанд. Аммо яке аз айбдоршавандагон, полковник Шералӣ Ризоев ба айбномаи додгоҳ розӣ нест.
Айбдоршавандаи дигар Акрам Табаров худро гунаҳкор намеҳисобад ва мегӯяд, ҳангоми бозпурсӣ муффатишон ӯро мавриди фишор қарор додаанд, то айбро эътироф кунад.
Ба иттилои додгоҳи низомии Душанбе, дар сурати исбот шудани гуноҳи айбдоршавандагон онҳо аз 12 то ба 20 соли зиндон маҳкум хоҳанд гашт.
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG