Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин ҳизб дар интихоботи парлумонии соли оянда дар кишвар пуштибонии ҳабдаҳ то бисту ду дар сади раъйдиҳандагонро ба даст хоҳад овард. Анҷумани қабл аз интихоботии Ҳизби наҳзат, ки рӯзи 19 декабр дар қароргоҳи марказии он бо тиловати ояе аз Қуръони маҷид оғоз гардид, масъалаи таъйиди асомии номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон аз тариқи феҳристи ҳизбиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба гуфтаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, номи 22 тан аз шахсиятҳои ҳизбӣ, ки шомили феҳрист шудааст, тавассути чанд навбат назарсанҷии дохили ҳизбӣ ва бо дар назардошти пешниҳодоти шӯрои сиёсии ҳизб сурат гирифтаааст.
Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, ки вай мутмаин аст, ҳадди аққал 7 нафар аз тариқи феҳристи ҳизбӣ вориди парлумони ояндаи кишвар хоҳад шуд. Дар се зинаи аввали феҳристи ҳизбии Ҳизби наҳзат номҳои Муҳаммадшарифи Ҳимматзода - муовини раис, Муҳиддин Кабирӣ - муовини аввали раис ва Муҳаммадалии Ҳаит - сардори идораи омӯзиши афкори сиёсӣ ва кадрҳо дарҷ шудааст.
Исми Саидумар Ҳусайнӣ, яке дигар аз муовинҳои раиси ҳизб ва раиси бахши ҳизб дар вилояти Суғд Додоҷон Ёқубов дар мақоми чаҳор ва панҷи рӯйхати мазкур омадааст. Дар феҳрист ҳамчунин ду нафар зан ба сифати довталаби курсии вакилӣ сабт шудааст, аммо номи Насриддин Саидов, яке аз ду вакили парлумони кунунии кишвар аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар феҳристи ҳизбӣ зикр нашудааст.
Анҷумани панҷуми ғайринавбатии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин платформа ва ё барномаи амали нави ҳизбро муаррифӣ ва тасдиқ кард. Тибқи ин барнома Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавқеи мухолифати созанда бо ҳукумати феълӣ қарор дошта ва аз ҷумла бархе аз равишҳои усулии сиёсати иқтисодии ҳукуматро назири хусусии замин ва ба моликияти ғайридавлатӣ табдил додани иншоотҳои аҳамияти ҳаёти доштаи кишвар дар марҳалаи кунунӣ қабул надорад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе