Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Ҳизби демократ аз ҷомеаи байналмилал


Рӯзи шанбеи 18 декабр Ҳизби демократи Тоҷикистон дар анҷумани 8-уми худ, ки дар Душанбе баргузор гашт, Муҳаммадрузӣ Искандаровро дубора раиси ин ҳизб интихоб намуд ва аз ҷомеаи байналмилал тақозо кард дар раҳоии ӯ кӯмак кунад. Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон 9 декабри соли равон дар пойтахти Русия шаҳри Маскав аз тарафи пулиси ин кишвар боздошт шуд.
Ҳозирони анҷуман ҳамчунин бо ирсоли як муроҷиатнома ба номи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дархост, кардаанд, то иҷоза надиҳад, ки Муҳаммадрузӣ Искандаровро ба Душанбе истирдод намоянд. Сафарбек Дӯстов - раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод иттиҳомоти нисбат ба Искандаровро беасос хонд ва гуфт: "Ҳама медонад, ки Муҳаммадрузӣ Искандаров террорист нест ва тарконидани постгоҳ ва хонаи додситон ба манфиати ӯ набуд."
Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳамчунин дар анҷумани навбатии худ номзадии 11 нафар аз аъзои худро бо шумули Муҳаммадрузӣ Искандаров, Ҷумъабой Ниёзов, Раҳматулло Валиев, Аслиддин Соҳибназаров, Ойниҳол Бобоназарова ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров барои ширкат дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъи Тоҷикистон тавассути ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ тасдиқ кард.
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG