Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштии тарзи озод


Мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштигирони тарзи озод дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Бино ба иттилои Давлат Азимов, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, дар ин мусобиқа, ки бо ибтикори Кумитаи варзиши Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд, ҳудуди 130 гуштигири ҷавон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон қувваозмоӣ карданд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ Муҳаммад Шукуров, Қамариддин Ҷалилов, Баҳодур Асоев, Манучеҳр Мирборонов, Ҳусниддин Маллаев, Маъруф Маърупов, ҳама аз Душанбе, Сайёд Раҳимов, Валӣ Шарипов, ҳарду аз вилояти Суғд ва Комил Шералиев, аз шаҳри Кӯлоб дар вазни худ мақоми аввалро ишғол намуданд. Давлат Азимов мегӯяд, бештари ғолибони ин мусобиқа шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ҳастанд. Ба гуфтаи вай, дар айни ҳол ҳудуди 50 нафар шогирдони мактаби мазкур ба ҳайъати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар навъҳои гуштии тарзи озод, юнонию римӣ, самбо ва дзюдо шомиланд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG