Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи Душанбе-Ҷиргатолро чиноиҳо гирифтанд


Рашт

Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон ширкати чиноии "Синахайдра" ғолиби тендери байналмилалии сохтмони роҳи Душанбе-Ҷиргатол шудааст. Барои бунёди ин роҳ Бонки Осиёии Рушд 16 миллион доллар ҷудо кардааст ва муассисони тендер - бонки мазкур ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз миёни 8 ширкати Итолиёву, Ҷопон ва Туркияву Чин ширкати "Синахайдра"-ро интихоб карданд.
Ғоибназар Боронов, муовини раиси маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мувофиқи қарордоди миёни вазорати роҳи ин кишвар ва ширкати роҳсози «Синахайдра» дар марҳалаи аввал 73 километри аввали шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол тармиму навсозӣ мешавад.
Оқои Боронов гуфт, қарор аст, ин қисмати роҳ зарфи се соли оянда пурра таъмиру бозсозӣ шавад. Ғоибназар Боронов афзуд, Бонки Осиёии Рушд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо намудааст, ки шаффофият дар масрафи 16 миллион доллари ҷудо шударо таъмин намояд. Роҳи Душанбе-Ҷиргатол як ҷодаи муҳим аст, ки таввасути он нақлиёти Тоҷикистон дар чаҳор фасли сол бо ҷамоҳири Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ҳаракат мекунад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG