Чаҳор ҳавопаймои нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса вориди фурудгоҳи Душанбе шудааст. Ин чаҳор ҳавопаймо иборат аз се ҳавопаймои навъи "Мираж" ва як ҳавопаймои сӯхтрасон дар маҳалли истиқрори нерӯҳои фаронсавӣ дар шарқи пойтахти Тоҷикистон мустақар шудаанд. Марк Шеру - муовини намояндаи низомии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон гуфт, ин ҳавопаймоҳо то рӯзи 10-уми ноябр дар фурудгоҳи Душанбе хоҳанд монд ва дар чаҳорчӯби амалиёти нерӯҳои Фаронса дар Афғонистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Ҳавопаймоҳои мазкур агарчӣ аз навъи ҷангандаҳои фаронсавӣ ҳастанд, аммо таъйиноти сирфан ҷангӣ надоранд ва танҳо бо силоҳҳои худдифоъӣ мусаллаҳ мебошанд. Фаронса танҳо узви Эътилофи байналмилалии зидди терроризм аст, ки нерӯҳои худро пас аз оғози муборизаи ҷаҳонӣ таҳти иёдати Амрико дар Афғонистон дар Тоҷикистон мустақар кардааст.
То кунун дар ихтиёри ин нерӯҳо дар фурудгоҳи Душанбе танҳо ду ҳавопаймои борбарии "Трансал" мавҷуд буд, ки умдатан вазифаи таъйинот ва икмолоти нерӯҳои Фаронса дар Афғонистонро, ки дар ҳайъати нерӯҳои кумак дар таъмини амният ифои вазифа мекунанд, анҷом медоданд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе