Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи пурсарусадо ба комилан махфӣ табдил ёфт


Додситонии Тоҷикистон рӯи парвандаи ҷиноии генерал Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва фармондеҳи собиқи Горди раёсати ҷумҳурии ин кишвар мӯҳри комилан махфӣ гузоштааст.
Манучеҳр Нуров - раҳбари гурӯҳи бозрасии парвандаи Ғаффор Мирзоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни тафтиши парвандаи генерал Мирзоев ҳуҷҷатҳое ба даст омадааст, ки асрори давлатӣ дониста мешаванд ва ба ҳамин хотир ба парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев мақоми комилан махфӣ дода шудааст: "Вобаста ба Гвардияи миллӣ маълумотҳо мавҷуданд, ки онҳо сирри давлатиро ташкил мекунанд."
Додситони тоҷик гуфт, ки бештари ҳуҷҷатҳо, ки асрори давлатӣ дониста шудааст, марбути замони фармондеҳии Ғаффор Мирзоев дар Горди раёсати ҷумҳурӣ, як ҷузъи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин ҳол Қаюм Юсуфов - яке аз вукалои дифоъи Ғаффор Мирзоев гуфт, ки онҳоро огаҳ карда буданд, ки дар сурати зарурат барои ифшо накардани асрори бозрасӣ санади расмӣ имзо хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол як манбаъи наздик ба пайвандони Ғаффор Мирзоев гуфт, тақрибан 60 нафар дар робита бо ин парванда боздошт шудаанд, ки дар миёни онҳо фармондеҳони баландрутба ва сатҳи поёнии Горди раёсати ҷумҳурӣ низ ҳастанд. Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири дар Тоҷикистон, ки дар рӯи кор омадани ҳукумати феълӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат кардааст, дар моҳи августи соли ҷорӣ таввасути маъмурони амниятӣ боздошт шуд. Додситонии Тоҷикистон ӯро дар нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, сӯиистеъмол аз вазифа, саркашӣ аз пардохти боҷ ва молиёт, убури ғайриқонунии марз айбдор кардааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG