Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишнома миёни Тоҷикистон ва НАТО


Раҳматкарими Давлат аз Душанбе

Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яаап Де Ҳоп Скефер шоми рӯзи чаҳоршанбе бо ҳам дидор ва масоили амнияти минтақа, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва ба таври хос авзои Афғонистонро баррасӣ карданд.
Яаап Де Ҳоп Скефер баъди мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон эълон кард, миёни ин ташкилот ва Тоҷикистон як созишнома ба имзо расидааст. Ҳадаф аз ин созишнома гуфт вай, мусоидати Тоҷикистон ба нерӯҳои НАТО ва ISAF дар иҷрои вазифаи ин нерӯҳо дар Афғонистон мебошад.

Дабири кулли НАТО ҳамчунин гуфт: "Мо бо Тоҷикистон равобити хуб ва судманде дорем ва имрӯз як созишномаи транзитиро имзо кардем, ки тибқи он Тоҷикистон ба сурати комил аз фаъолияти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Ва ин дар ростои ин ҳамкориҳост. Ин созишнома қабл аз ҳама марбут мешавад, ба икмоли нерӯҳои НАТО таввасути Тоҷикистон, ки дар Афғонистон ифои вазифа мекунанд."

Дабири кулли НАТО ҳамчунин афзуд, бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва роҳҳои ҳалли ин мушкилро баррасӣ кардааст ва таъкид кард, ки дар ин замина нигарониҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дарк мекунад ва бо назароти ӯ комилан мувофиқ аст. Аз дабири кулли НАТО дар бораи таъсиси таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон суол шуд, ки гуфт, "мо рақобат бо Русия дар ин замина надорем ва ин ҳаққи мусаллами Тоҷикистон аст, ки барои Русия ва ё ҳар кишвари дигаре пойгоҳ медиҳад."

Аз оқои Скефер дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Миёна пурсида шуд, ки ба далели ҳамкории ин кишварҳо дар мубориза бо терроризм аз он сарфи назар мешавад. Дабири кулли НАТО гуфт, ҳамаи масоили мавҷуд, аз ҷумла масоиле дар ин робитаро низ дар мулоқотҳое, ки бо мақомоти кишварҳо дорад, ба сурати ошкор баррасӣ мекунад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG