Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмури интизомӣ ба зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як корманди додситонии ин кишвар дар вилояти Суғдро ба қочоқи маводи мухаддир ва истифодаи ҳуҷҷати ҷаълӣ муҷрим шинохта ва ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Зайдулло Собиров - раиси мурофиаи додгоҳи низомии Душанбе, ки таҳқиқоти парвандаи ҷиноии Мурод Саидов - ронандаи додситони низомии вилояти Суғдро ба анҷом расонидааст, гуфт, ин корманди додситонӣ ба қочоқи беш аз 60 килограмм маводи мухаддир гунаҳкор дониста мешавад.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ин миқдори маводи мухаддир тавассути кормандони Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовари Тоҷикистон дар таърихи сенздаҳуми июни соли равон дар посгоҳи Деҳмойи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар шимоли кишвар аз машинаи мутааллиқ ба ронандаи додситони низомии вилояти Суғд кашф ва забт шудааст. Додраси додгоҳи низомӣ афзуд, ки Мурод Саидов дар ҷараёни муҳокима иқрор кардааст, ки вай мебоист бо истифода аз ҳуҷҷати шахсӣ бар ивази интиқоли маводи мухаддир аз Душанбе ба Хуҷанд панҷ ҳазор доллар хидматона мегирифт.

Аммо оқои Собиров ба ин пурсиш, ки оё барои интиқоли ин миқдори бузурги маводи мухаддир корманди додситони шарик ва ё ҳамроҳе низ доштааст, чунин посух дод: "Дар рафти тафтишоти пешакӣ, ин чиз муайян карда нашуд. Мо кӯшиш кардем, (ошкор намоем). Лекин ӯ инро инкор кард. Гуфт, ки ман инро аз сабаби вазнинии аҳволи оилавӣ кардам ва бори аввал кардам."
Дар ҳамин ҳол Зайдулло Собиров додраси додгоҳи низомии Душанбе гуфт, дар гузашта низ ду тан ходими вазорати амнияти кишвар ба иттиҳоми қочоқи беш аз сад кило маводи мухаддир ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Ва дар ҳоли ҳозир таҳқиқи парвандаи ҷиноии ду тан аз ходимони вазорати амнияти кишвар, ки ба иттиҳоми мушобеҳ ширкат дар қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд, идома доранд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG