Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони ҷаҳонии кор ба Тоҷикистон омад


Дар Душанбе намояндагии Созмони Ҷаҳонии Кор боз шуд, ки мехоҳад ба ду масъала -- мубориза бо қочоқи инсон ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул гардад.
Сарвари намояндагии нави байнулмилалӣ Ҷамшед Қуддусов гуфт, созмон ҳамчунин нақша дорад ба аҳли оилаи муҳоҷирон низ кумак кунад. Барои давраи аввали кори худ дар Тоҷикистон Созмони Ҷаҳонии Кор барномаеро таҳия кардааст, ки то апрели соли 2006 пешбинӣ шуда, як миллиону 200 ҳазор доллар нарх хоҳад дошт. Ба зудӣ бахшҳои намояндагӣ дар Кӯлоб, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа низ боз хоҳанд шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG