Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносномаҳои хориҷӣ барои муҳоҷирони тоҷик


Тоҷикистон нақша дорад, шиносномаҳои сафари хориҷиро ба муҳоҷирони тоҷик дар худи Русия тақсим кунад. Дар ин бора вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Муҳаммадшо Илолов - ба хабаргузории "ИТАР- ТАСС" иттилоъ дода, гуфтааст, ин барномаро бо иҷозаи махсуси вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия иҷро хоҳанд кард. Вай афзуд, ҷузъиёти масъаларо бояд шаш намояндагии вазорати кор дар шаҳрҳои Маскав, Волгоград, Хабаровск, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Новосибирск ва сарони ҷомеъаҳои тоҷик дар Русия ба муҳоҷирон бифаҳмонанд.

Вазир гуфт, масъалаи "шиноснома барои муҳоҷирон" ҳалли фавриро мехоҳад, зеро аз якуми январи соли оянда, онҳо танҳо бо ҳамин санад метавонанд, ба Русия сафар кунанд ва на ҳамаи онро қодир аст, барои гирифтани шиноснома то соли нав ба Тоҷикистон баргардад. Ба гуфтаи Илолов, ҳоло дар Русия 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад, аммо манобеъи дигар теъдоди онҳоро наздик ба як милён нафар мешуморанд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG