Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадяи гаронбаҳои САҲА ба хабарнигорон


Маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Душанбе як маркази вижаи омӯзишӣ барои хабарнигорони тоҷик ифтитоҳ кард. Эудҷония Бенин - масъули бахши равобит бо васоити ахбори умуми Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе 6 октябр зимни маросими гушоиши маркази мазкур гуфт: «Маркази омӯзишӣ барои хабарнигорон бо пуштибонии фанниву молии Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Бо ташкили ин марказ, мо ҳадаф дорем, ба таври ройгон имкони кор бо компютер ва дастрасии доимӣ ба интетернетро барои рӯзноманигорони тоҷик таъмин намоем. Аз хидмати ин марказ ҳам хабарнигорони расонаҳои давлатӣ ва ҳам намояндагони матбуоти мустақилу ғайридавлатӣ метавонанд, яксон истифода бурда, ҳамзамон роҷеъ ба масоили мухталифи ҳирфавии хеш табодули афкор намоянд.»

Хонум Бенин гуфт, ҳамчунин дар маркази тозатаъсис барои хоҳишмандон давраҳои омӯзишӣ кор бо компютер ва забони англисиву дарсҳои журналистика ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, ҳар ҳафта нашри бюллетени иттилоъотӣ дар назар гирифта шудааст, ки дар саҳафоти он ба мавзӯъоти мубрами матбуоти Тоҷикистон пардохта мешавад.
Ба эътиқоди масъули умури матбуотии Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ҳудуди 80-90 дарсади журналистони тоҷик аз ӯҳдаи кор бо компютер мебароянд, аммо бинобар гаронии хидматрасонии интернетӣ, онҳо имкони дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин тамошои барномаҳои телевизионии хориҷиро тавассути моҳвора надоранд. Хонум Бенин гуфт, акнун бо ташкили марказ ин мушкили хабарнигорони тоҷик як андоза рафъ мегардад. Дар канори ин хоҳишмандон метавонанд, дар ин марказ мустақиман ба рӯзномаву маҷаллоти чопи Русия обуна шуда, ҳар ҳафта онҳоро бетаъхир дар марказ дастрас намоянд.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG