Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи нави Шӯрои уламои Тоҷикистон


Шӯрои уламои дини Тоҷикистон шурӯъи моҳи Рамазон дар ин кишварро 15 октябр эълом доштааст. Худойбердӣ валади Эгамбердӣ, мудири бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, оғози моҳи мубораки Рамазонро кишварҳои исломӣ дар заминаи тақвим, ҳисобҳои уламо ва масъулони динӣ аксар маврид рӯзҳои мухталиф эълон медоранд.

Ба гуфтаи оқои Эгамбердӣ уламои дини Тоҷикистон низ шурӯъи моҳи Рамазонро бар асоси солшумории махсуси марбут ба Осиёи Марказӣ таъйин мекунанд ва ин дар бештарин маворид ба ҳисобҳои тақвими кишвари Арабистони Саудӣ мувофиқат мекардааст: "Дар Осиёи Марказии мо як ҳисобот аст, ки онро «эҳҷаззабут» мегӯянд. Ин ҳисоботи хеле қадима аст ва нафарони огаҳ аз ин ҳисобот дар кишвари мо низ хеле зиёданд ва мо мувофиқи ин ҳисобот, мо ҳар сол моҳи Рамазонро таъйин мекунем. Ин ҳисоботе, ки мо аз рӯи он амал мекунем, ба ҳисоботҳои тақвим дар Арабистони Саудӣ мувофиқ аст. Соли ҷорӣ низ ин ҳисобҳои мо дар мавриди дақиқи намудани оғози моҳи Рамазон дуруст баромад."

Оқои Эгамбердӣ ҳамчунин афзуд, оғози моҳи Рамазонро дар Тоҷикистон баъзе солҳо як рӯз пас аз тақвими кишварҳои исломӣ, бахусус Арабистони Саудӣ эълом мекарданд. Оқои Эгамбердӣ мегӯяд, дар моҳи Рамазон бар иловаи омурзиши гуноҳ ва қатли нафс бо шумори парҳези ғизо аз субҳ то шом инчунин пардохти закот ва садақаи фитр низ роиҷ аст. Ба гуфтаи ӯ, Шӯрои уламои дини Тоҷикистон дар соли равон пардохти закот аз шахсони сарватманд ва нафарони моли зиёдатӣ доштаро дуввунин дарсад ва садақаи фитрро як сомонӣ муайян кардааст.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG