Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эми сартосарии зидди сурхча шурӯъ шуд


Бар асоси иттиллоъи Маркази эмтаъминкунии вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳудуди 3 миллион сокинони ин кишварро ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сурхча, ваксинзанӣ, ё худ эм хоҳанд кард. Соҳибназар Турков, муовини раиси Маркази эмтаъминкунии Тоҷикистон гуфт, маъракаи эмкунии саросарӣ дар Тоҷикистон имрӯз, 27 сентябр шурӯъ шуда ва то 10 октябр дар тамоми минтақаҳо, бо шумори манотиқи дурдаст идома меёбад.
Вай афзуд: "Бемории сурхча ҳар се-чаҳор сол як бо хуруҷ мекунад ва бештар кӯдаконро фаро мегирад. Аз ин рӯ, бо маслиҳати вазорати тандурустии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалии тандурустӣ ба хулосае омадем, ки ғайр аз эмкунии нақшавӣ бояд рӯзҳои миллии мубориза бар зидди ин беморӣ гузаронем."

Оқои Турков ҳамчунин гуфт, бар асоси нақшаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар назар аст, ки то соли 2010 бемории сурхча дар тамоми ҷаҳон куллан маҳв карда шавад. Ба гуфтаи Соҳибназар Турков, муовини раиси Маркази таъминоти ваксинзании Тоҷикистон, барои ваксинзании ҳар нафар сокини кишвар як доллари амрикоӣ харҷ шуда ва дар маҷмӯъ ба 3 миллион доллар баробар хоҳад шуд. Оқои Турков афзуд, ваксин барои эмкунӣ бо маблағи созмонҳои кӯмакрасон пас аз санҷиши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз Фаронса ворид шудааст. Ӯ мегӯяд, маъракаи эмкунӣ дар мавриди пешгирӣ аз хуруҷи бемории сурхча кӯдакон ва наврасони аз 1 то 18-сола, кормандони синни то 29-солаи соҳаи тиб, кормандони вазоратҳои мудофиа ва умури дохила, ҳамчунин кулли донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғдро фаро мегирад.

Оқои Турков афзуд, феълан дар Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ин маърака 4000 нафар корманди соҳаи тиб, 2164 нуктаи ваксинзанӣ ва барои манотиқи дурдасти кишвар гурӯҳҳои махсуси сайёрро аз шумори табибон омода кардаанд. Бар асоси иттиллоъи Маркази таъминоти ваксинзании Тоҷикистон, дар замони Шӯравии собиқ бемории сурхча дар як мавсим ба ҳудуди 15 ҳазор нафар сокинони кишвар сироят мекардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар мавсими ахири хуруҷи ин беморӣ, яъне солҳои 2002-2003, дар Тоҷикистон ҳудуди 3000 нафар ба бемории сурхча гирифтор шудаанд.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG