Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Арманистон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи якшанбе бо президенти Арманистон Роберт Кочариян дар Душанбе мулоқот кард. Дар ин гуфтушунид роҳҳои иҷрои созишҳои пешинаи миёни ду кишвар баррасӣ шуданд. Ду сарвар на танҳо аз зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, балки илмию фарҳангӣ низ сӯҳбат карданд.
Кочариян, ки роҳи худро ба Чин ба воситаи пойтахти Тоҷикистон дар пеш гирифт, дар Пекин ва Шонҳай сафари давлатии панҷрӯза анҷом хоҳад дод. Президентҳо баъд аз гуфтушунид аз мулоқот бо хабарнигорон худдорӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG