Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози "Рӯзҳои сулҳ" дар Тоҷикистон


Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр дар шаҳри Душанбе зимни маросими ифтитоҳи рӯзҳои СММ таҳти унвони "Рӯзи сулҳ" фароҳам овардани фазои муносиби сиёсӣ ва риояти мафоди созишномаи сулҳи тоҷиконро як омили аслии таьминкунандаи раванди бебозгашти сулҳ дар ин кишвар номид. Оқои Сотиров бо тавваҷҷӯҳ ба ҳаводиси ахир дар шарқи Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир як масъалаи муҳим дар давраи баъд аз низои Тоҷикистон ин масъалаи афви умум ва риояти усули адолат дар иҷрои он боқӣ мемонад.

Раҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон бо ишора ба мураккаб будани раванди марбут ба риояти Қонуни афв афзуд, ки аз як сӯ тақвияти муқаррароти қонун ба хотири ҷилавгирӣ аз иртикоби ҷароим дар ҷомеа лозим аст. Бояд иҷрои ин муқаррарот ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа мусоидат намояд. Вале бинобар ҳасос будани ин кор он бояд як навъ эҳтиёткорона пайгирӣ шавад, зеро дар он манофеъи фардии собиқ қумондонҳои пурнуфуз ва ҳатто лидерони сиёсии имрӯза гиреҳ хӯрдааст. Ба гуфтаи ҷаноби Сотиров, дар сатҳи болоии ҳукумати Тоҷикистон ба ҳассосияти ин мавзӯъ хуб пай бурдаанд, вале кори мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳанӯз дар ин самт ҷавобгӯи талабот нест.

Оқои Сотиров дар ин робита афзуд, баъзе аз мақомоти зинаҳои поёнии ҳукумат дар навоҳӣ аз ҳуқуқу салоҳиятҳои худ зимни бархӯрд бо масъалаи афви умум сӯистифода менамоянд, ки ин дар навбати худ боиси эҷоди ташаннуҷи муайяни иҷтимоӣ дар ҷомеа мегардад. Намояндаи СММ дар Тоҷикистон бо ишора ба ин матлаб гуфт, мо аз ҷониби худ ба он мекӯшем, ки дар ҳалли мушкилоти умумии давраи баъд аз низоъи тоҷикон ба ҳукумати ин кишвар кӯмаки худро расонем. Дар ҳамин ҳол Владимир Сотиров афзуд, ахиран додситони кулли Тоҷикистон феҳрасти номи 103 нафар собиқ размандагони мухолифинро, ки ҳамакнун дар зиндонҳои ҳукумат ба сар мебаранд, дар ихтиёри дафтари СММ дар Тоҷикистон қарор додааст. Бино ба гуфтаи оқои Сотиров, дар пайи анҷоми як бозрасии дақиқ тавассути додситонии кулли Тоҷикистон боздошти даҳ нафар аз ин миён ғайриқонунӣ дониста шуда, ин афрод аз зиндон раҳо гардидаанд.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG