Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти Ҳинд дар фурудгоҳи Айнӣ


Намояндагони масъули вазорати дифои Тоҷикистон бо мутахассисини нерӯҳои ҳавоии вазорати дифои Ҳиндустон масоили марбут ба таъмиру тармими фурурдгоҳи ҳарбии Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи Айнӣ 15-километрии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд. Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи ин кишвар 20 август ба Радиои Озодӣ гуфт бо мутаххасисини нерӯҳои ҳавоии Ҳиндустон, ки дар раъси маршали авиатсияи ин кишвар ҷаноби Гаркал дар Тоҷикистон ба сар мебарад, мулоқот анҷом додаст.

Ба қавли вазири дифоъ, ҳайъати мутахассисин барои ошноӣ бо ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар фурудгоҳи Айнӣ ба Тоҷикистон омаданд ва дар зарфи ду рӯзи дигар барои рафъи баъзе аз мушкилот бо мақомоти масъули Тоҷикистон гуфугӯгу анҷом хоҳанд дод. Оқои Хайрулолоев афзуд: "Бинобар зиёд омадани оби канали Ҳисор, ки аз назди ҳамин фурудгоҳ мегузарад, кори мутахасисини ҳинд каме мушкил шудааст. Зеро об аз соҳил гузашта қаламрави таъмирмешударо намнок кардааст, ки ин идомаи корро номумкин гардондааст. Ин мушкил дар наздиктарин фурсат рафъ хоҳад шуд."

Шералӣ Хайруллоев вазири дифои Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳамкорҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон бо муввафақият идома дорад. Мутахассисони ин кишвар тибқи як қарордоди дуҷониба дар чанд вақти наздик таъмири фурудгоҳи ҳарбии Тоҷикистонро анҷом хоҳанд дод. Дар ҳоли ҳозир беш аз 30 сарбози тоҷик дар макотиби ҳарбии Ҳиндустон ба таълим фаро гирифта шудааст. Дар соли гузашта вазоратҳои дифои ҳарду кишвар дар размоишгоҳи Фахробод 50 - километрии ҷануби Душанбе як машқи низомии муштарак сурат дода буданд.
Оқои Хайруллоев ҳамчунин афзуд, роҳҳои боз ҳам фаъол намудани ҳамкориҳои вазоратҳои дифои ҳарду кишвар қарор аст дар ҷараёни сафари расмии вазири дифоъ ба Ҳиндустон дар моҳи январи соли 2005 баррасӣ шавад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG