Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Тараққиёт Рустам Файзиевро бегуноҳ медонад


Рустам Файзиев - муовини аввали раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёти Тоҷикистон бо ду моддаи Кодекси ҷиноии кишвар - таҳқири шахсияти раиси ҷумҳур дар ҳузури ом ва ангехтани низоъи милливу қавмӣ ва динӣ айбдор дониста шудааст. Як нафар корманди маркази равобит бо ҷомеаи вазорати амнияти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард, вале аз шарҳи ҷузъиёти парвандаи Рустам Файзиев худдорӣ намуд. Вай гуфт: "Мо указани (дастур) шавад, ҳамон чиза баъд ба шумо медиҳем, лекин азбаски ба мо ҳеҷ указани нашудааст, ҳеҷ чиза ба шумо дода наметавонем."

Рустам Файзиев - муовини раиси ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли равон аз сӯи ходимони амниятии кишвар дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд дар манзили зисташ боздошт ва ба Душанбе интиқол шудааст. Ба ақидаи масъулини ҳизби мазкур, Рустам Файзиев ва айбҳои эълоншуда нисбати вай аз сӯи мақомоти амниятии кишвар бо ҳадафҳои сиёсӣ сурат гирифтааст. Султон Қувватов - раиси ҳизби мазкур зимни тавзеҳи иттиҳомоти ворида алайҳи муовинаш ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ҳаракатҳои Файзиев Рустам ягон ҷиноят дида намешавад. Бо моддаи 137 - и Кодекси мурофиавии ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор карда истодаанд, ин дар ҳолате мешавад, ки ҳамин мактуб ба суди Гаага бирасад, тафтиш баранд. Ҳоло ин мактуб ба ягон ҷо равон кардагӣ набуд, ин сиёҳнавис буд. Аммо дар оянда ин корро мекунем, шахсан ман ин корро мекунам. Ҳамин касе, ки ариза навист, вайро гирифта суд мекунанд?!"

Оқои Султон Қувват бо эътироз афзуд, ки сабти ном накардани ҳизби вай тайи се сол, боздошти муовин, бозрасии қароргоҳ ва манозили зисташ ҳамчунин нашри матолиби фармоиши алайҳи вай дар нашрияҳои давлатӣ аз ҷумлаи силсилатадобири мақомот муқобили ӯ мебошад. Рустам Файзиев муовини аввали ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон феълан дар боздоштгоҳи вазорати амният нигаҳ дошта мешавад. Ба иттиллоъи манобеи тафтишот, дар сурати тасдиқи айбҳои эълоншуда имкон дорад, ӯро аз панҷ то даҳ сол аз озодӣ маҳрум кунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG