Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ кормандони "Тоҷикгаз"-ро айбдор кард


Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи як гурӯҳи мансабдорони вазорати энергетикаи ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Саъбагул Қурбонова - сардори дафтари матбуотии додситонии кулл гуфт, дар натиҷаи таҳқиқу бозрасии мақомоти тафтишот ошкор шудааст, ки 25 тан аз афроди масъул дар Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" сохтори зери назорати вазорати энергетика зимни фаъолият бо истифода аз мақоми хидматӣ даст ба тороҷи маболиғи давлатӣ ва тиҷорати ғайриқонунии газ задаанд.
Саъбагул Қурбонова афзуд: "Аз ҷониби прокуратураи генералӣ 18 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 25 нафар шахсони мансабдори Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" ва корхонаҳои тобеи он оғоз карда шуд. Дар рафти санҷиши пешакӣ як миллиону сесаду бистусеҳазору нӯҳсаду шаш сомонӣ маблағи зарар муайян карда шуд."

Додситонӣ дар ҷараёни таҳқиқот аз ин афрод ба миқдори ҳудуди 250 ҳазор сомонӣ маблағи ба сирқат бурда ба фоидаи давлат рӯёнида гирифтааст ва бозрасии парвандаи ҷиноии панҷ тан аз масъулини идораи "Тоҷикгаз"-ро хотима дода, ҷиҳати муҳокима ба Додгоҳи Олӣ фиристодааст. Аммо бозрасии парвандаи чанде аз аъзои ин гурӯҳ ба иллати дар хориҷи кишвар будани онҳо мутаваққиф шуда ва мақомот барои дастгир кардани онҳо кофтукоби ҷиноӣ эълон кардаанд.Саъбагул Қурбонова - сардори дафтари матбуоти додситонии кулли кишвар таъйид кард, ки ин гурӯҳ ва ё аъзои дар ҳоли фирори он ба чунин аъмоли хилофи қонун дар замони раҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар корхонаи "Тоҷикгаз" даст задаанд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як мақоми баландпояи додситонии кулл, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, мусоидат ва ё ширкати Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро ба ин афрод ва ё ин аъмол ҷараёни бозрасӣ муайян мекунад. Аммо ҳамин манбаъ бар пояи маводи бозрасӣ ва баёноти бархе аз афроди зери тафтиш гуфт, онҳо ҳеҷ амалеро бидуни огаҳӣ ва ризоияти қаблии Муҳаммадрузӣ Искандаров анҷом надодаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар се ҳафтаи қабл Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба ҳайси раиси собиқи идораи "Тоҷикгаз" ва шоҳиди парвандаи яке аз масъулони пешини ин идора ба додситонии кулли кишвар даъват ва тайи ҳашт соат ба суолоти муфаттишон посух дода буд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG