Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии сӣ ҳазор нафар аз азоби минаҳо


Беш аз 30 ҳазор сокини шаҳраки Дӯстӣ воқеъ дар ноҳияи Қумсангир 200 километрии ҷануби Тоҷикистон пас аз поксозии комили постгоҳи марзиии "Луна" аз мавҷудияти минаҳо ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Чордаҳуми август Бунёди швейтсарии поксозии минаҳо дар Тоҷикистон аз комилан поккорӣ шудани нахустин минтақаи минарӯбишуда дар ноҳияи Қумсангир эълом дод. Дар расми эълони хотимаи поккорӣ Ив Бергейн раҳбари Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ва Ҷонмаҳмад Раҷабов - сардори Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон ва кормандони ҳукумати ноҳияи Қумсангир ширкат доштанд.
Бо тақозои ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати барчидани охирин минаҳо дар ин мавзеъ Бунёди шветсарии поксозии минаҳо ва Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон дар авоили моҳи гузашта иқдом намуданд.
Намояндаи Бунёди швейтсарӣ Абдусалоҳ Расулов мегӯяд, 10 соли гузашта бинобар мавҷудияти минаҳо дар лӯлаҳои обгузар мардум аз оби ошомиданӣ маҳрум буданд ва аз канал об мехӯрданд, ки ин боиси гирифторӣ ба бемориҳои мухталиф мешуд. Вай гуфт, акнун ин минтақа поксозӣ шудааст: "Масоҳати поксозишуда 25 бар 25 метри мураббаъро дар бар мегирад, маҷмӯан масоҳати 3125 метр поксозӣ шудааст."
Феълан Бунёди шветсарии минарӯбӣ ва Маркази миллии Тоҷикистон дар умури поксозии минаҳо дар шарқи кишвар дар ноҳияҳои Тавилдара, Тоҷикобод, Ғарм, Дарвоз ва дар шимол дар ноҳияи Панҷакент ва Исфара ба амалиёти безараргардонии минаҳо машғуланд. Тибқи иттиллоъи маркази мазкур, дар ин навоҳӣ беш аз 100 мина ва бомбаҳои авиатсионӣ маҳв карда шудааст.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG