Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсиаи бемории буғумдард дар вилояти Суғд


Маркази беҳдошт ва вогиршиносии вилояти Суғд мегӯяд, беморони буғумдард (brucellosis) дар минтақаи шимоли Тоҷикистон дар давоми 8 моҳи сипаришудаи соли равон назар ба соли гузашта зиёд сабти ном шудаанд.
Мӯъмин Қурбонов - муовини сарвари Маркази вогиршиносӣ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: «Агар дар 8 моҳи аввали соли 2003 дар вилояти Суғд 3008 кас гирифтор шуда бошад, имсол дар ҳамин муддат буғумдард 368 нафарро сироят кардааст.»
Буғумдард аз ҷумлаи бемориҳоест, ки аз ҳайвоноти хонагии гирифтори ин беморӣ ба инсон сироят мекунад ва зимни истифода аз гӯшту шир ва пашм ва нигоҳубини ҳайвонот ба бадани инсон мекӯчад. Ба гуфтаи Мӯъмин Қурбонов, шумораи беморони буғумдард дар манотиқи чорвопарвари Суғд, ба мисли Мастчоҳу Айнӣ, Ғончиву Зафаробод ва Спитамен бештар ба мушоҳида мерасад.
Табибони маркази беҳдошт ва вогиршиносии Суғд сабаби аслии густариши буғумдардро паёмади тайи беш аз даҳ соли ахир ваксин назадани ҳайвоноти хонагӣ ва чорводорон алайҳи буғумдард меҳисобанд. Дар баробари ваксинзании саросарии ҳайвоноти хонагӣ ва чорвопарварон, аз нигоҳи Мӯъмин Қурбонов - мутахассиси вогиршиноси вилоят, амалӣ кардани чанд иқдоми дигарро барои пешгирӣ аз буғумдард муассир меҳисобад: «Якум, зиёд кардани ташхиси лаборатории табақаи одамоне, ки бештар мубталои ин беморӣ мешаванд, аз ҷониби кормандони марказҳои байтории шаҳру ноҳияҳо. Дуюм - сари вақт ошкор намудани буғумдард дар ҳайвонот».
Аммо ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир марказҳои вогиршиносӣ ва байтории Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд, миқдори зарурии ваксини зидди буғумдард надоранд.
Мӯъмин Қурбонов - муовини сарвари Маркази беҳдошт ва вогиршиносии Суғд афзуд, бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ танҳо аз оғози соли 2005 дар манотиқи сироятзадаи Суғд ҳайвоноти хонагии гирифтори буғумдард мавриди ваксинзанӣ қарор хоҳанд гирифт.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG