Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ғофилгирона ва маргбор ба кормандони милиса


Дар ҷараёни бархӯрди мусаллаҳона миёни нерӯҳои эъзомии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва як дастаи фирории собиқ размандагони мухолифини тоҷик дар дараи Тутак ва Шаври минтақаи Ҳоит - 280 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон як нафар корманди милиса кушта ва панҷ тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.
Хайриддин Давлатбеков - раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, бархӯрди мусаллаҳона замоне рух додааст, ки кормандони вазорати умури дохила қасд доштанд, маҳалли мушахассеро дар ҳудуди дараи Тутак бо ҳадафи кашфи махфигоҳи силоҳу муҳимот аз назар гузаронанд.
Аммо ба гуфтаи оқои Давлатбеков, дар ин ҳангом ба таври ғайримунтазира аз баландиҳои гирду атроф сӯи маъмурони интизомӣ тирпаронӣ сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он як корманди милиса дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ гаштаанд. Гуфта мешавад, онҳоро дар бемористони ҷамоати деҳоти Ҳоит хобонида шудаанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти интизомиву амниятии минтақа аз наздикони собиқ муҷоҳиддин, бахусус пайвандони афроде, ки ахиран ба гумони даст доштан дар ҳамла ба милисаи Тоҷикобод дастгир шудаанд, хостаанд, то ба унвони миёнарав дар амри ҳалли мусолиматомези қазия ва ҷилавгирӣ аз идомаи даргириҳо мусоидат намоянд. Дар ҳамин ҳол аз шаҳри Душанбе як гурӯҳи дигари вазорати умури дохила ба минтақаи Ҳоит эъзом шуда ва ҳамзамон дар ҷодаи Ҳоит-Ғарм кори назорати тафтиши мусофирон ва васоити нақлия аз сар гирифта шудааст.
Ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи Тоҷикобод ва Ҳоит дар ҳоле ба мушоҳида мерасад, ки мақомоти интизомӣ ба думболи боздошти собиқ фармондеҳи нерӯҳои собиқи мухолифини минтақаи Тоҷикобод Ёрибек Иброҳимов ва панҷ нафар ҳамроҳони ӯ бозрасии аъмоли гузаштаи собиқ муҷоҳидинро афзоиш бахшидаанд. Ба ин далел гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир шумораи зиёди муҷоҳиддин аз хавфи дастгир шудан ба кӯҳу пуштаҳо паноҳ бурдаанд.
Холиқи Сангин аз ноҳияи Тоҷикобод
XS
SM
MD
LG