Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияи "Наҷот" роҳи наҷотро ёфт


Султони Ҳамад

Ҳафтаномаи "Наҷот" - нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баъди чанд ҳафтаи таввақуф дубора ба дасти хонандагонаш расид. Ду ҳафта қабл бинобар таввасути мақомоти давлатӣ баста шудани матбааи "Ҷиёнхон" нашри ҳафтаномаи "Наҷот" бо шумули нашрияҳои "Нерӯи Сухан", "Рӯзи Нав", "Одаму Олам", ки дар ин матбаа дарҷ мешуданд, қатъ гардида буд.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Абдуқаҳҳор Давлатов - сармуҳаррири ҳафтаномаи "Наҷот" дар хусуси чӣ гуна аз сари нав ба нашр расидани шумораи ҳафтанома гуфт: "Матбааи "Паёми Ошно", ки чопхонаи хусусӣ аст, ҳамроҳи ҳафтанома ва шӯъбаи табъу нашри Ҳизби Наҳзат шартнома имзо кард, ки чопи рӯзномаро минбаъд ба роҳ мемонад."
Агарчанде "Наҷот" дар ҳаҷми 16 саҳифа ва варақҳои маъмулӣ чоп шуда бошанд, ҳам вале бо иллати адами таҷҳизот сафаҳоти он дастӣ ба ҳам дӯхта шудаанд. Матбааи "Паёми Ошно" чанд муддат қабл нашрияи Маркази таҳлилии "Сипеҳр"-ро, ки таҳти ҳамин унвон ба нашр мекард ва муассисаи яке аз лидерони собиқи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Давлати Усмон аст, чоп мекард.
Дар ҳамин ҳол ин ҳафта низ ба рӯзноманигорони "Нерӯи Сухан", "Рӯзи Нав", "Одаму Олам" муяссар нашуд, ки чопи рӯзномаҳои худро ба роҳ монанд, зеро тамоми нашрияҳои давлативу хусусӣ аз нашри онҳо худдорӣ менамоянд.
Султони Ҳамад аз Душанбе
XS
SM
MD
LG