Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳсини Махмалбоф филми нав месозад


Мӯҳсини Махмалбоф - коргардони маъруфи синамои Эрон ба таҳияи як филми ҳунарӣ дар шаҳри Душанбе шурӯъ кардааст. Чанд рӯз ба ин ҷониб дар хонаи синамои пойтахт интихоби бозигарон барои нақшҳои асосии ин филм идома дошт. Дар ин озмун ҳудуди дусад нафар довтабалон ширкат намуданд.
Мӯҳсини Махмалбоф дар ҳафт соли пеш низ як филми дигаре бо номи «Сукут» дар Тоҷикистон таҳия карда буд, ки бо истиқболи гарми бинанадагони рӯ ба рӯ шуд. Ӯ мегӯяд, худро мутаалиқ ба се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон медонад ва таҳияи ин филм дар Тоҷикистон ба маънои таҷдиди хотироти ӯ ва ба манзури рӯҳу намо бахшидан ба синамои форсизабон аст. Оқои Махмалбоф мегӯяд аз ҳоло, ки ба таҳияи филм оғоз кардааст, умед дорад, то ҳафт, ё ҳашт моҳи дигар кори онро ба поён бирасонад.
Офаридаҳои Мӯҳсини Махмалбоф - филмсози маъруфи эронии бо шӯҳрати ҷаҳонӣ ҳамчунин ба эътиқоди худаш бештар баёнгари воқеъиятҳои иҷтимоии замон аст. Аммо то ин ки Мӯҳсини Махмалбоф кори муқаддамотӣ барои оғози наворбардории филми худро анҷом диҳад, ҳафтаи равон дар Тоҷикистон ҳафтаи филмҳои Махмалбоф эълон шуда ва қарор аст то шаш филми ӯ тавассути телевизони давлатии Тоҷикистон ва дар синамохонаҳои пойтахт ба намоиш гузошта шавад. Аввалини ин силсила «Сукут»-и ӯ буд, ки шоми рӯзи якшанбе ва субҳи душанбе намоиш дода шуд.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG