Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ аз дарёфти далоили нав дар парвандаи Ғ. Мирзоев хабар медиҳад


Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки тафтишот далоили нави аъмоли ҷиноии генерали боздоштшуда Ғаффор Мирзоевро ба даст оварда, аз ҷумла дар ҳудуди корхонаи гушти Душанбе, ки ба Ғаффор Мирзоев тааллуқ мегирад, аз як махфигоҳи зеризаминӣ боз 15 автомат, 2 пулемёт, чанд кило маводи мунфаҷира ва минаҳои зиддинафар кашфу забт кардааст.
Оқои Бобохонов ҳамчунин хабар дод, ки дар назди манзили Ғаффор Мирзоев дар шаҳри Душанбе 6 000 сарулибоси низомӣ ва 900 плаш-палатка ёфтаанд. Теъдоди зиёди мошинҳои шахсии генерал Мирзоев низ аз суи мақомот боздошт шудааст.
Додситони кулли Тоҷикистон дар суҳбат бо ожонсии дигари русӣ - Интерфакс гуфтааст, ба маҳзи афсари низомӣ будани Ғаффор Мирзоев тафтиши парвандаи уро додситонии низомӣ пеш хоҳад бурд. Оқои Бобохонов гуфт, Мирзоевро аз унвони генерал-лейтенантӣ танҳо додгоҳ метавонад маҳрум намояд.
Бобоҷон Бобохонов гуфт, боздошти раиси собиқи ожонсии мубориза бо маводи мухаддир Ғаффор Мирзоев ҳеҷ гуна заминаи сиёсӣ надорад, вале то чӣ андоза гунаҳкор будан ё набудани уро танҳо додгоҳ маълум хоҳад кард.
Тибқи қонун, айбномаи Ғаффор Мирзоев аз суи додситонӣ бояд то таърихи 16 август эълон шавад.
Ва ожонсии "Азия Плюс" бар пояи маълумоти ғайрирасмӣ навишт, ки зимни боздошти Ғаффор Мирзоев як даргирӣ ҳам сурат гирифта, мунҷар ба ҳалокати як муҳофизи у бо номи Иброҳим ва яке аз маъмурони интизомӣ шудааст.
Аммо ин хабарро манобеъи расмӣ таъйид ё такзиб накардаанд. "Азия Плюс" ҳамчунин мегуяд, бародари Ғаффор Мирзоев - Абдурасул, ки казинои "Ҷоми Ҷамшед" ба у тааалуқ дорад, боздошт нашудааст, балки феълан дар Дубай(ИМА) ба сар мебарад.
Бино ба маълумоти "Азия Плюс", раҳбарии гуруҳи тафтишотии парвандаи Ғаффор Мирзоевро сардори идораи тафтишоти додситонии низомӣ, майори адлия Манучеҳр Нуров бар уҳда дорад.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG