Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Узбакистон дубора боз шуд


Мақомоти кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон аз дубора фаъол шудани гузаргоҳҳои марзии миёни ин кишвар бо Узбакистон иттилоъ доданд. Пас аз вуқӯъи таркишҳо дар Тошканд мақомоти Узбакистон ба хотири таъмини амният дар имтидоди марз гузаргоҳҳои сарҳадии худ бо Тоҷикистонро масдуд ва ба ҳамин тартиб убуру мурури шаҳрвандон ба қаламрави ҳамдигарро мамнӯъ эълон карданд.
Абдуҷаббор Ҳомидов - муовини раиси кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, сар аз рӯзи саввуми моҳи равон ин гузаргоҳҳо боз ва равуои мардум аз тариқи онҳо иҷоза шудааст.
Оқои Ҳомидов мегуяд, баста шудани гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар чаҳорчӯби таҷрубаи байналмилалӣ сурат гирифтааст. Вале аз рӯзи гузашта, яьне сеюми август ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ дубора ба ҳолати пешинаи худ баргашта ва акнун мусофирин бо пешниҳоди аснод ва ҳуҷҷатҳои лозим метавонанд ба ин кишварҳо сафар кунанд.
Ва аммо намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегуянд, пеш омадани нооромиҳо дар минтақа бештар бар манфиати гурӯҳҳои мафиозии қочоқбар тамом мешавад, зеро бо истифода аз фурсат ин гурӯҳҳо интиқол ва қочоқи маводи мухаддирро афзоиш медиҳанд.
Уктам Тошматов, сардори идораи оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мегӯяд, бархе аз навоҳии вилояти Суғд дар шимоли кишвар, ки бо Узбакистон ҳамсарҳад мебошад, бо боз шудани ҷодаи Душанбе - Тошканд тавассути гарданаи Анзоб ба нуқоти тронзитии интиқоли маводи мухаддир табдил шудааст: "Барои он, ки он ҷо роҳҳо бисёранд барои ба дигар давлатҳо гузаронидан. Роҳҳои ҳам нақлиётӣ, ҳам роҳи оҳан ва ҳам ҳавоӣ."
Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз 1400 километр марзи муштарак доранд, вале то ҳозир миёни ин ду кишвар мушкилоти ҳалношуда дар масоили ташхис ва аломатгузории бархе аз нуқоти марзӣ боқӣ мондааст.
Абдуҷабор Ҳомидов - муовини раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, то чанд руз баста шудани гузаргоҳҳои марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон ба маҳзи рух додани таркишҳои ахири Тошканд сурат гирифт ва Узбакистон ин ҳаққро дорад, ки дар ҳифзи сарҳадоташ аз тадобири шадидтари амниятӣ кор бигирад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG