Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Одаму Олам" дубора мунташир шуд


«Одаму олам», як нашрияи мустақили Тоҷикистон пас аз таваққуфи дуҳафтаина, дубора мунташир шуд. Гуфта мешавад, ки «Шарқи озод», чопхонаи дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи қабл аз нашри ин рўзнома худдорӣ карда буд. Мираҳмади Амиршо, сардабир ва муассиси «Одаму Олам», дар сўҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нашриёти «Шарқи Озод» то ҳанўз ба чопи ҳафтанома иҷоза надодааст ва шумораи навбатии рўзнома дар як нашриёти мустақил интишор шудааст. Вале оқои Амришо мегӯяд, чопхонаҳои мустақил имкон ва сифати баланди чоп надоранд ва бояд нашри рӯзномаро дубора дар "Шарқи озод" ба роҳ монд: "Мо аллакай чопро дар дигар чопхонаи мустақил ба роҳ мондем. Вале мо ба нашриёти «Шарқи озод» хоҳиши баргаштан дорем. Ҳукумат мавқеашро муайян кунаду ба мо имконият фароҳам ояд, ҳатман дар «Шарқи озод» чоп мекунем."
Ба назари бархе аз коршиносон, як сабаби пеш омадани чунин вазъият ва манъи нашри «Одаму Олам» чопи мақолоти интиқодомези тезу тунд ба унвони мақомоти вазорати дифоъ будааст. Вале Мираҳмади Амиршо ин ақидаро рад мекунад ва мегўяд, мақомоти вазорати дифоъ, аз ҷумла шахси вазир ба хотири нашри раддияи ў ва узрномаи идораи рўзнома манфиатдор буданд, ки нашрия ба табъ расад.
Аммо ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардабири ҳафтанома як додгоҳи шаҳри Душанбе мурофиаи парвандаеро бо даъвои вазири дифоъ ва ҷавобгарии ҳафтаномаи «Одаму Олам» оғоз кардааст. Вале тавре оқои Мираҳмад мегўяд, пас аз сўҳбат бо вазири дифоъ додгоҳ баррасии ин парвандаро мутаваққиф кардааст.
Бо вуҷуди он ки нашри дубораи ҳафтаномаи «Одаму Олам» бо мушкилот ва кайфияти пасти техникӣ даст додааст ва ба назари масъулони ҳафтанома сифати шумораҳои баъдии он аз ин беҳтар нахоҳад буд, аммо оқои Амиршо, сардабири ҳафтанома бар ин бовар аст, ки теъдоди мавҷудаи муштариёни ҳафтанома коҳиш нахоҳанд ёфт.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG