Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати пардохтҳо дафтари матбуоташро баст


Вазорати пардохт ва даромадҳои Тоҷикистон фаъолияти дафтари матбуоти худро қатъ намуд ва гурӯҳи кормандони ин дафтар иборат аз 5 нафар бекор мондаанд. Масъули собиқ дафтари матбуоти вазорати пардохтҳо, Абдурасул Шарифов гуфт, ахиран бо қарори ҳукумат ва бо пуштибонии Сандуқи Байналмилалии Пул дар ин вазорат ислоҳот сурат гирифт ва дафтари матбуот аз сохтори ин вазорат хориҷ карда шуд: "Қаблан дар сохтори ин вазорат хадамоти матбуот вуҷуд дошт ва бар асоси он фаъолият менамуд, ҳоло ин дафтар аз сохтор берун карда шуд. Дар он ду оператор ва ду хабарнигор кор мекард. Ҳоло намедонем, сарнавишти мо чӣ мешуда бошад."
Дар соли 2001- ум бар асоси як барномаи ҳукуматии ислоҳоти идорӣ кумитаи гумрук ва андоз ва чанд идораи дигар дар вазорати ҷадиди нави пардохт ва даромадҳо мутаҳҳид карда шуд. Дар ҳоли ҳозир дар ин вазорат беш аз се ҳазор нафар кор мекунад.
Дар ҳамин ҳол Нуриддин Қаршибоев раиси Ассосиатсияи расонаҳои озоди Тоҷикистон фаъолияти дафтари матбуот дар ин вазорати муҳими кишварро зарур шуморид ва гуфт: "Аз ин пештар дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ дафтари матбуот аз байн бурда шуд, ҳарчанд кормандони он ба матбуот ҳамкории фаъол дошт. Ва ин хабари дуввум аст, ки дар вазорати даромад ва пардохтҳо дафтари матбуот баста мешавад. Ин боз ҳам маънои мутташаниҷ гардидани вазъи дастрасии рӯзноманигорон ва расонаҳо ба ахбор мегардад." Бино ба иттиллоъи Ассосиатсияи расонаҳои озод, тақрибан 70 дар сади вазоратҳои Тоҷикистон дафтари матбуот надоранд ва ин барои дастрасии хабарнигорон ба иттиллоъот мушкил эҷод мекунад. Аз ҷумла, вазорати тандурустӣ, маориф, нақлиёт, фарҳанг, вазорати об ва мелиоратсия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорати молия ва адлияи ин кишвар ё дафтари матбуот надоранд, ё ин ки хадамоти матбуоти худро барҳам додаанд.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG