Аз шаҳри Сургут, воқеъ дар бахши сибирии Русия 20 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷабран хориҷ карда шуданд, ки гуфта мешавад, аслан шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Дар хабар гуфта шудааст, тоҷикон, ҷӯгиҳои узбак, бомжҳо ва ё велгардҳои славянӣ, аз тариқи қатор дар ду вагон, таҳти контроли 70 пулис аз шаҳри Сургут ба минтақаҳои Омск ва Тюмен хориҷ карда шуданд. Аз хабар бармеояд ,сарнавишти муҳоҷирон номаълум боқӣ мемонад.
Дар бораи ихроҷи хориҷиён аз минтақа сухангӯи дастгоҳи мақомоти Сургут ба хабарнигорон иттилоъ дод. Вай гуфт, 9 июн аз Сургут 185 нафар бо шумули 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷабран хориҷ карда шуданд. Тоҷикон ба далели будубоши ғайриқонунӣ чандин бор мавриди муҷозоти маъмурӣ қарор гирифтаанд. Дар консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ихроҷи тоҷикон аз Сургут ибрози бехабарӣ карданд, вале хабар доданд, ки дар боздоштгоҳҳҳои муваққатии шаҳри Маскав низ шаҳрвандони Тоҷикистон дар интизори депортасия ба сар мебаранд ва ҷурми асосии онҳо надоштани сабт иқомат аст. Раиси консулгарӣ Нурулло Шарифов гуфт:"Онҳо дар спетсприёмникҳо ба сабаби надоштани регистратсия ва вайрон кардани қонунҳои Русия нигоҳ дошта мешаванд ва Русия вақте, ки маблағ ёфт онҳоро мефиристонад. Ман шумораи онҳоро намедонам."
Ихроҷи иҷборӣ ва ё депортатсияи тоҷикон аз Русия ибтидо аз ноябри соли 2003 дар ҳошияи гароишҳои Тоҷикистон ба Ғарб ва баҳсҳои низомии Тоҷикистону Русия оғоз гардид. Ба гуфтаи намояндагии вазорати кори Тоҷикистон дар Русия, соли гузашта танҳо аз вилояти Маскав 1300 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷабр берун кашида шуд, дар ҳоле, ки шумораи тамомии ихроҷшудагон 1500 нафар будааст. Ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сургут, дуввумин ихроҷи иҷбории шаҳрвандони Тоҷикистон, пас аз мулоқоти руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар Сочи мебошад. Ҳаштуми июн 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз вилояти Челбинск ба Тоҷикистон депортатсия шуданд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав