Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико ба бемористонҳои Суғд


Кӯмаки тиббии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯи барномаи «Ҳоуп», (Hope) ба маблағи наздики ду ним миллион доллар, ба бемористонҳои вилояти Суғд тақсим шудааст.Дар ин бора Шарифҷон Шарифов - муовини сарвари идораи тандурустии Суғд - ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин кӯмак, иборат аз дорувор ва лавозимоти тиббиро бемористонҳои шаҳри Хуҷанд, навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Ашт, Нов ва Шаҳристон дарёфт кардаанд. Масалан, таваллудхонаи маркази устони Суғд ба маблағи беш аз 410 ҳазор доллар дорувор ва дастгоҳу лавозимотӣ тиббӣ гирифтааст. Оқои Шарифов афзуд: "Ин кӯмакро Департаменти давлатии ИМА моҳи май ба мо фиристода буд. Он иборат аст, аз 8 намуд дорувор ва 14 навъ лавозимоти тиббӣ ва ба бемористонҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд мустақиман супурда шудааст».
Идораи тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, давоми як соли ахир ин барои саввумин маротиба аст, ки бемористонҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон тибқи барномаи «Ҳоуп» аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ёрии тиббӣ, ба намуди дорувор ва дастгоҳу лавозимот, мегиранд. Шарифҷон Шарифов - муовини сарвари идораи тандурустии Суғд: « Нахустин ёрии бебозгашти тиббӣ аз барномаи «Ҳоуп» - ро бемористонҳои Суғд моҳи июни соли 2003 ба маблағи 5 миллион доллар ва навбати дуввум - моҳи ноябри соли гузашта боз ҳам ба маблағи 5 миллион доллари дигар гирифта буданд. Ҳамин тавр, минтақаи шимоли Тоҷикистон давоми як соли ахир аз ИМА ба маблағи дувоздаҳуним миллион доллари амрикоӣ дорувор ва лавозимоти тиббӣ, ба намуди ёрии бебозгашт, дарёфт кардааст». Татбиқи барномаи «Ҳоуп » дар заминаи расонидани кӯмаки тиббӣ ба Тоҷикистон, аз ҷониби Департаменти ИМА , давлат ва вазорати тандурустии Тоҷикистон аз авохири соли 2001 шурӯъ шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз Хуҷанд
XS
SM
MD
LG