Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Чин боз мешавад


Қарор аст, имруз дар марзи Тоҷикистон бо Чин нахустин гузаргоҳи марзӣ боз шуда, дар пай ҳаракати нақлиёт байни ин ду кишвар аз роҳи ағбаи Қулма низ шуруъ гардад.
Ҷониби Тоҷикистонро дар расми ифтитоҳи равуои нақлиёт байни Чину Тоҷикистон як ҳайъати баландпояи давлатӣ таҳти раҳбарии сарвазир Оқил Оқилов намояндагӣ хоҳад кард.
Сухангуи вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, гузаргоҳи аввал дар марз бо Ҷумҳурии Мардумии Чин феълан танҳо дар мавсими тобистон фаъолият хоҳад кард ва ҳаракати мошинҳои борбар низ то замони ба шоҳроҳи Қароқурум пайвастани роҳи Қулма танҳо байни вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва вилояти Қошғари Чин сурат мегирад.
Ҳамчунин аз 26 июн сар додани нахустин масири сафар бо автобус байни Тоҷикистону Чин дар назар аст. Автобусҳои мусофирбар дар ин масир дар 10 руз 1 маротиба - рузҳои 6, 16 ва 26-уми моҳ ҳаракат хоҳанд кард, навиштааст "Азия Плюс" аз қавли намояндаи вазорати нақлиёт.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG