Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистону Тоҷикистон 8 созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд


Руъасои ҷумҳуриҳои Покистону Тоҷикистон Парвиз Мушарраф ва Эмомалӣ Раҳмонов дар як нишасти муштараки хабарӣ пас аз мулоқоти худ дар шаҳри Исломобод ба рушди равобити иқтисодиву тиҷоратии байни ин ду кишвар таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Покистону Тоҷикистон ҳамкориро дар роҳи мубориза бо террор ва қочоқи маводи мухаддир низ густариш хоҳанд дод.
Парвиз Мушарраф гуфтааст, ки Покистон ҷиҳати ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти Тоҷикистон тавассути қаламраваш мусоидат хоҳад кард. Ҳар ду ҷониб дар ин робита ба зарурати тавсиъаи зербинои нақлиётӣ байни Тоҷикистону Покистон таъкид кардаанд. Эмомалӣ Раҳмонов ба навбаи худ гуфтааст, ки онҳо дар Исломобод лоиҳаи тавассути минтақаи Помир ба вилоятҳои шимоли Покистон содир кардани нируи барқи тавлидоти Тоҷикистонро низ матраҳ кардаанд. Бо сохта шудани ин хатти тавонои интиқоли барқ Покистон метавонад солона аз Тоҷикистон аз 2 то 3 миллиард киловатт-соат нируи барқ бихарад.
Душанбеву Исломобод тааҳҳуди худ барои ташкили ду гурӯҳи муштараки корӣ барои мубориза бо террор ва амнияти минтақаро низ изҳор кардаанд. "Ҳар ду ҷониб ҳар навъ зуҳуроти терроризмро маҳкум карда, барои ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо террор, кишту парвариш ва қочоқи маводи мухаддир омодаанд." Ин ақида дар эъломияи муштараке зикр шуд, ки дар пайи музокирот президент Раҳмонов ва сарвазири Покистон Мир Зафаруллоҳхони Ҷамолӣ ба зери он имзо гузоштаанд.
Байни Тоҷикистону Покистон дар ҷараёни ин сафари оқои Раҳмонов 8 қарордоди ҳамкорӣ имзо шудааст, ки соҳоти ҳуқуқу маориф, мубориза бо маводи мухаддир, ҷаҳонгардӣ, низоми равуо, ҳифзи сармоягузориҳо ва ҷилавгирӣ аз андозбандии такрориро дар бар мегиранд. Мир Зафаруллоҳхон Ҷамолӣ гуфт, имзои ин созишномаҳо аломати ру ба рушд ниҳодани равобит байни ин ду кишвар аст.
Эмомалӣ Раҳмонов аз нақши президент Мушарраф дар ҷанги ҷаҳонии ба зидди террор ва аз шуруъи дубораи музокироти сиёсии байни Ҳинду Покистон тавсиф намуд. Раҳбарони ду кишвар тааҳҳуди худ ба муқаррароти созишномаи Бонн дар бораи сулҳи Афғонистонро низ таъкид карда, ба талошҳои давлати интиқолии Ҳомиди Карзай дар роҳи оштии миллӣ ва бозсозии Афғонистон таҳсин хондаанд.
Тоҷикистону Покистон то шуруъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар қиболи масоили ин кишвар ихтилофи ҷиддии назар доштанд ва дар ҳоле ки Покистон аз давлати Толибон ҳимоят мекард, давлати Тоҷикистон ба Эътилофи Шимоли Аҳмадшоҳи Масъуд, умдатарин ташаккули сиёсиву низомии бар зидди Толибон мустақиман кумак мерасонд. Аммо бо суқути давлати Толибон ва оғози амалиёти эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон ин як мояи умдаи ихтилофи назари байни Душанбеву Исломобод аз байн рафта, заминаро барои эҳдоси равобити ҳасана байни ду кишвар дар соҳоти мухталиф ба вуҷуд овардааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG