Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони боздоштшуда дар Қустанай озод шудаанд


Мақомоти вилояти Қустанайи Қазоқистон мегуянд, 72 шаҳрванди тоҷикро, ки дар роҳ ба суи Русия дар ҳудуди ин вилоят боздошт шуда буд, баъди тафтиши аснод раҳо кардаанд.
Дафтари матбуоти идораи милисаи вилояти Қустанай ба хабаргузории "Интерфакс"-и Русия гуфтааст, дар пайи раҳоӣ ин гуруҳи муҳоҷирин ҳаракати худ ба суи вилояти Кургани Русияро давом додаанд.
Пештар ҳамин манбаъ ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки дар қаламрави вилояти Қустанай дар шимоли Қазоқистон аз чанд автобуси озими Русия 120 шаҳрванди Тоҷикистон ва 75 шаҳрванди Узбакистон боздошт шудааст.
Вале баъдан ин гузориши аввал радд шуд ва хабар омад, ки сухан дар бораи боздошт ва раҳоии баъдии танҳо 72 муҳоҷир аз Тоҷикистон меравад.
Мақомоти милисаи Қустанай мегуянд, тафтишот нишон дод, ки асноди ин гуруҳи муҳоҷирин қонунӣ буда, ҳар кадоми онҳо бо худ корти муҳоҷират ва эъломияи гумрукӣ доштааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG