Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ноҳияи Айнӣ 177 кило маводи мухаддир гирифтаанд


Маъмурони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегуянд, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба кишварҳои муштаракулманофеъро ошкор кардаанд. Сухангуи ин вазорат Худойназар Асозода ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз як гуруҳи қочоқбар 177 кило маводи мухаддир гирифта шуд, ки аз се ду ҳиссаи онро ҳероин ташкил медиҳад.
Чанд нафар дар иртикоби қочоқи чунин миқдори бузурги маводи мухаддир боздошт шудааст, вале ҳуввияти онҳо ба хотири ҳифзи сирри тафтишот гуфта намешавад.
Бино ба маълумоти ИТАР-ТАСС, аз авали сол дар Тоҷикистон аз гуруҳҳои қочоқбар беш аз дувуним тонна анвоъи мухталифи маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG