Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи яҳудиёни Тоҷикистон ба президент Раҳмонов


Хохоми ягона канисои яҳудиён дар Душанбе бо ирсоли як нома аз раиси чумҳур хостааст, аз қарори шаҳрдорӣ ҷиҳати тахриби ин канисо ҷилавгирӣ кунад. Бар асоси тарҳи бунёди қасри миллат карор аст, тамоми манозили мавҷуд дар атрофи он, аз ҷумла сохтмони канисои яҳудиён низ табдили макон кунад.
Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисои яҳудиён дар Душанбе, гуфт, ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба онҳо огоҳӣ фиристодааст, ки биноро тахлия кунанд. Аммо мегӯяд оқои Абдураҳмонов, ҷои дигаре барои бунёди дубораи ибодатгоҳ пешниҳод нашудааст: "Мо аз ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳуҷҷат гирифтем, ки бояд канисо бояд вайрон шавад ва ба ҷои он парк бояд ташкил кунанд. Канисои мо қариб 100-сола аст ва мо мехостем, ки ҳамин ҷо бимонад."
Хохоми ибодатгоҳи яҳудиён гуфт, мушкилоти барандохтани канисо ва нақли он ба макони дигари шаҳр аз як соли пеш ҷараён дорад. Ва ин масьала дар дидору гуфтугуҳои сафирони Амрико ва давлати Исроил дар Тоҷикистон бо президент Раҳмонов низ борҳо мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст. Оқои Абдураҳмонов афзуд, ба маҳзи ҳалли бидуни моҷарои қазияи канисо Абу Довуд Гуревич сарроҳиби Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон ба Душанбе сафар ва бо мақомот дар ин замина мулоқот анҷом додааст.
Ғолиб Ғоибов, раиси Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон пас аз дидораш бо саррофиби Осиёи Марказӣ ба унвони шаҳрдори Душанбе нома фиристода, хостори ҳалли мусбии қазияи ибодатгоҳи яҳудиён шудааст. Оқои Ғоибов гуфт, аз ҳукумати шаҳр хостааанд, то бинои канисоро вайрон накунанд.
Оқои Ғоибов гуфт, масъулини шаҳрдорӣ ба кумитаи дин посух додаанд, ки ҷавоби нома мустақим ба сарроҳиби яҳудиёни Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон, ки мақараш дар Тошканд мебошад, фиристода хоҳад шуд. Агарчӣ хохоми канисои Душанбе ишора ба таърихӣ будани ин бино кард, аммо дар воқеъ ин як манзили маскунии оддӣ буда, дар он ҳеҷ гуна осори таърихӣ мушоҳида намешавад. Ва ба гуфтаи Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисои мазкур, ҳоло дар Душанбе ҳудуди панҷсад яҳудӣ боқӣ мондааст, ки аксари онон бознишаста ва аз табақаи фақири ҷомеа мебошанд. Вай гуфт, ба иллати набуди имконоти молӣ ва тангдастии ибодаткунандагон канисои онҳо солҳо боз руи тармимро надидааст.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG