Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди балои азим ба деҳаи Негнот


Наҷотбахшони вазорати ҳолатҳои фавқуллода ба ҷои бехатар кучонидани сокинони деҳаи Негноти ноҳияи Панҷакентро шуруъ намуданд, зеро хатари зери хок мондан ба он таҳдид мекунад. Хабаргузории "Итар Тасс" мегуяд, барои 29 оилаи деҳа манзили муваққатӣ ва маводи ғизоӣ омода шудааст.
Абдураҳим Раҷабов, муовини вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, гуфтааст, имкони поён лағжидани теппаи бузурги болои деҳа бо ҳаҷми 6 миллион кубометр хок вуҷуд дорад. Заминларзаи ахир сабаби тарқиш дар теппа ва боронҳои ахир сабаби лағзиши он шудаанд. Ба гуфтаи Раҷабов, дар ҷануби кишвар хатари дигар, обхезӣ ба маҳаллаҳои соҳили дарёҳо таҳдид мекунад ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG