Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Соломон Пасӣ ба Тоҷикистон


Соломон Пасӣ - вазири умури хориҷаи Булғористон ва раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, имруз, 7 апрел бо мақомоти Тоҷикистон раванди демократисозӣ ва масоили амнияти минтақаро баррасӣ мекунад. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба Душанбе Соломон Пасӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмонов, вазири умури хориҷа Талбак Назаров ва раисони ҳар ду палатаи парлумони кишвар дидор ва доир ба вазъи имрузи Осиёи Марказӣ пас аз ҳодисаҳои ахири Узбакистон гуфтугу мекунад. Бино ба иттилоъи хабаргузории "Итар Тасс" Соломон Пасӣ дар маросими имзои барномаи дуввуми барчидани минаҳо аз хоки Тоҷикистон ширкат мекунад, ки бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо амалӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG