Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти намояндаҳои ниҳодҳои гумрукии кишварҳои узви Евразэс дар Душанбе ба поён расид


Нишасти бисту сеюми Шурои руасои Хадамоти гумрукии назди кумитаи ҳамоҳангсозии Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё дар шаҳри Душанбе бо имзои лоиҳаи протоколи истифода аз кортҳои плостикии гумрукӣ анҷом пазируфт. Валерий Шпагин - ноибраиси Кумитаи давлатии гумруки Русия гуфт, ин мавзуъ масъалаи душвортарини нишаст буд, ки қариб тули тамоми ҷаласа баррасӣ шуда ва ахиран бо душворӣ ҳалли худро қисман пайдо намуд: «Мо тавонистем, ки се давлатро ба имзои он розӣ кунем. Ҷамоҳири дигар баррасии онро қариб ба итмом расонидаанд ва ман умедворам ин масъала дар нишасти навбатии мо дар Ҷумҳурии Беларус комилан ҳал хоҳад шуд.»
Ҷаноби Шпагин гуфт, кортҳои пластикӣ ҳамчун васиқа ва ё санади пардохт истифода шуда, афзоиши тиҷорати миёни давлатҳои узви иттиҳоди иқтисодиро ба маротиб такон хоҳанд дод. Дар нишаст ҳамчунин раванди иҷрои қарорҳои дар ҷаласаи гузашта иттихозшуда, ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукии давлатҳои узви Евразес, ҳамкорӣ дар самти бо фановариҳои муосир муҷаҳҳаз гардонидани хадамоти гумрукӣ баррасӣ гардиданд. Аммо ҳамкории миёни давлатҳои Евразесро Валерий Шпагин - ноибраиси Кумитаи давлатии гумруки Русия қаноатбахш арзёбӣ кард: «Мо ҳарчанд на бо гомҳои бузург ба пеш меравем, аммо дар роҳи ҳамкорӣ ва ҳалли мусбати мушкилот қадамхои қаноатбахш мебардорем. Вале Беларус дар роҳи бартараф сохтани монеаҳо ва иҷрои қарорҳо ба мушкилоти вазнин мувоҷех хоҳад гардид.»
Бо нишасти имруза ҳамоиши серузаи Шурои руасои хадамоти гумрукии давлатҳои Евразес дар шаҳри Душанбе анҷом пазируфт. Гуфта мешавад, натоиҷи нишасти шуро ба таҳкими равобит ва ҳамкории хадамоти гумрукӣ ва афзоиши даромади буҷаи ин давлатҳо мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG