Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқуб Салимовро ба марг маҳкум нахоҳанд кард


Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон 26 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Русия Ёқуб Салимов -вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистонро бо пешшарти ин, ки дар нисбати у ҳукми қатл раво дида нашавад, ба Тоҷикистон таслим намуд ва феълан Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати амнияти кишвар ба сар мебарад.
Додситони кулл афзуд, гуруҳи тафтишотӣ иборат аз кормандони додситонӣ ва вазорати амнияти кишвар ба пурсиши Ёқуб Салимов шуруъ намуданд: "Ду руз аст, ки тафтишот идома дорад. Вобаста ба он чӣ маълум шуд ва исбот шуд, мутобиқи он дар назди қонун ҷавоб мегуяд ва ҷазо мегирад. Ҳукми қатл намегирад, чунки мо мактуб дорем (аз Русия) ки смертная казнь не принимается" (ҳукми қатл раво дида намешавад).
Аз додситони кулл пурсидам, ки натиҷаи аввалияи пурсишҳо чиро нишон медиҳанд ва Ёқуб Салимов бо кадом ҷурмҳо айбдор карда мешавад? Вай гуфт: Пурсупошаш, ки аз дина сар шудааст, барои ҳамин ин як ҳафта давом мекунад, 10 руз давом мекунад, маълум нест. Он чизе, ки аниқ шуд, баъд гуфта метавонем, ки чӣ гуноҳ надорад. Ҳозир ҳеҷ чиз гуфта наметавонем."
Ба қавли Бобоҷон Бобохонов, Ёқуб Салимов то кунун дар айбномаи хиёнат ба ватан ва кушиш барои табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешуд, аммо инҳо дар ғоиби у эълон шуда буданд, акнун дар ҷараёни тафтишот маълум хоҳад шуд, ки оё вай дар ҳақиқат дар ин аъмол даст дошт, ё не?
Оқои Бобохонов афзуд, дар ҳоли ҳозир созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ё журналистҳо иҷозати дидор бо Ёқуб Салимовро надоранд, танҳо ва фақат касеро, ки ё наздиконаш, ё худаш ва он ҳам як нафарро тавсия диҳанд, метавонад бо у мулоқот кунад: "Мутобиқи талаботи қонун дар як моҳ як кас мулоқот мекунад, ин ҳам бошад бо хоҳиши худаш ва ё ягон хешу табори наздикаш."
Русия пас аз боздошти Ёқуб Салимов дар моҳи июни соли гузашта шоми сешанбе, 24 феврал уро бо рейси ҳавопаймои Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон истирдод намуд.
XS
SM
MD
LG