Туркия ва Эрон саввумин гузаргоҳи марзӣ дар байни ду кишварро рӯзи якшанбе боз карданд. Гузаргоҳи Капикой дар вилояти шарқии Вани Туркия бо ҳузури Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷаи ин кишвар ва ҳамтои эронии ӯ Алӣ Акбар Солеҳӣ ифтитоҳ шуд. Аҳмад Довудоғлу гуфт, гузаргоҳи чаҳоруми марзӣ моҳи июн дар Асандара дар ҷанубушарқ ва гузаргоҳи панҷум дар минтақаи Дилучу дар шимолушарқи Туркия боз хоҳад шуд. Баъди сари қудрат омадани Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, ки ҳукуматаш мойил ба арзишҳои исломӣ аст, равобити миёни Эрону Туркия густариш ёфт.