Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони атомии Амрико ба Русия баргаштанд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, нозирони силоҳҳои атомии ин кишвар баъди 16 моҳ дигарбора ба Русия баргаштаанд. Ҳузури нозирони амрикоӣ дар Русия охири соли 2009 мамнӯъ шуд, зеро ҳукми эътибори як паймони муҳими коҳиши силоҳҳои атомии байни ду кишвар поён ёфт. Баъди ҳукми иҷро гирифтани паймони нави СТАРТ дар моҳи феврал шароити бозгашти нозирони ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар фароҳам шуд. Таҳти ин паймон, нозирон бо чашми худ мебинанд, ки то куҷо паймони коҳиши теъдоди силоҳҳои атомӣ риоят мешавад.
XS
SM
MD
LG